Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, дар нимаи аввали рӯз дар пойтахт барф меборад ва фаромадани туман дар назар аст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 3-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад ва ба баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 0-5 дараҷа хунук мешавад.