Имрӯз рӯзона дар Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе ҷойҳои вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Қашқадарё, Сурхондарё борон меборад, дар вилояти Хоразм ва биёбон дар баъзе ҷойҳо каме боришот (борон, барф) дар назар аст. Ба баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт борон намеборад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва кӯҳистон дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли боришот (борону барф) ҳаст. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаро гирифтани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 2-7 дараҷа гарм мешавад.