Тибқи маълумоти хадамоти Узгидромет дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзе ҷойҳо барф меборад. Эҳтимоли падид омадани туман ҳаст. Дар роҳҳо яхбандӣ ҳосил мешавад. Дар вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари тармафароӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.