Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 20-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ бориш пешбинӣ нашудааст. Хавфи тармакӯчӣ ҳаст. Ҳодисаҳои селу обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 5-10 дараҷа гарм мешавад.