баннер
30 Mar 2025
22:25

    Пешгӯии обу ҳаво барои 27 март

    Сайёраи сабз 27 Mart 2025 637

    Имрӯз рӯзона баъзе ҷойҳо борон меборад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро ва Навоӣ боришот дар назар нест. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе минтақаҳо метавонад то 13-18 метр шиддат гирад. Ҳарорат 6-11 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 6-8 дараҷа гарм мешавад.

    Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ боришот (борон ва барф) дар назар буда, дар баъзе ҷойҳо шадид хоҳад шуд. Эҳтимоли падид омадани туман вуҷуд дорад. Дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Тошканд хавфи тармакӯчӣ вуҷуд дорад. Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли селравӣ ва обхезӣ ҳаст. Шамол 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.

    Our Telegram
    Text to speech