Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст, танҳо дар Қароқалпоқистон шомгоҳ дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд. Дар саросари ҷумҳурӣ вазиши шамол дар як сония то 17-22 метр шуда, дар баъзе ноҳияҳо ғубори чанголуд ба амал меояд. Аз доманакӯҳҳо ва қаламрави кӯҳистонии вилояти Фарғона эҳтимоли гузаштани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво 34-39 дараҷа, дар ҷануб дар баъзе ҷойҳо то 42 дараҷа мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт борон намеборад. Дар нимаи дуюми рӯз шамол дар як сония то 10-12 метр мевазад. Рӯзона ҳаво то 37-39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон намеборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 25-30 дараҷа мешавад.