Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах ва рӯзона дар вилояти Тошканд ва ноҳияҳои водии Фарғона дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18, дар баъзе ҷойҳо то 20-22 шиддат миегирад, дар баъзе ноҳияҳо чанги ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 33-38 дараҷа, дар ҷануб то 40-42 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр вазида, шабона то 10-12 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 35-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳодисаҳои селравӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддатт мегирад. Ҳарорат 25-30 дараҷа гарм мешавад.