Пешгӯии обу ҳаво барои 28 ноябр

    Имрӯз рӯзона дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Навоӣ дар баъзе ҷойҳо боришот ба амал омада (эҳтимоли дар баъзе ноҳияҳо ба барф мубаддал шудани борон ҳаст). Нимаи дуюми рӯз дар дигар минтақаҳо борон меборад. Дар вилоятҳои водии Фарғона борон намеборад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 12-17 дараҷа, дар шимол 0-5 дараҷа мешавад.

    Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, нимаи дуввуми рӯз дар пойтахт борон меборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 12-14 дараҷа гарм мешавад.

    Дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан боришот (борон, барф) мешавад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат 4-9 дараҷа гарм мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates