Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт ҳаво нимаабрӣ мешавад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорати баландтарин 32-34 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон намеборад, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳии Тошканд, вилоятҳои Намангон, Фарғона нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар яке сония бо суръати 7-12 метр мевазад ва ҳангоми раъду барқ то 15-20 шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво 2227 дараҷа мешавад.