Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо ба барф табдил меёбад. Дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ субҳ дар баъзе ҷойҳо боришот (борон, барф) дар назар аст. Дар вилоятҳои водии Фарғона шомгоҳ дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм боришот пешбинӣ нашудааст. Ба баъзе ҷойҳо эҳтимол туман фарояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт борон меборад ва метавонад ба барф мубаддал шавад. Шамол дар як сония бо суръати 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-15 метр шиддат гирад. Ҳарорат 6-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) борида, баъзан шадид шуда, туман фаро мегирад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 3 дараҷа сард - 2 дараҷа гарм мешавад.