Имрӯз дар ҷумҳурӣ рӯзона ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии Тошканд, вилоятҳои Намангон, Фарғона омадани сел ва обхезӣ эҳтимол дорад. Дар саросари ҷумҳурӣ шамол дар як сония то 17-22 метр вазида, дар баъзе ноҳияҳо ғубори чанголуд ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво 33-38 дараҷа, дар ҷануб дар баъзе ҷойҳо то 40 дараҷа мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт борон намеборад. Дар нимаи дуюми рӯз шамол дар як сония то 10-12 метр мевазад. Рӯзона ҳаво то 36-38 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор борон намеборад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорати ҳаво 23-28 дараҷа мешавад.