Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 13-15 дараҷа гарм мешавад
Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ боришот (борон ва барф) дар назар буда, дар баъзе ҷойҳо шадид мешаванд. Эҳтимоли падидаҳои селу обхезӣ мавҷуд аст. Дар баъзе ҷойҳо туман мешавад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли то 13-18 метр шиддат гирифтани он мавҷуд аст. Ҳарорат 2-7 дараҷа гарм мешавад.