Бино ба иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт баъзан борон меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 5-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ барф борида, баъзан шадид мешавад. Ба баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорат аз 2 дараҷа хунук — 3 дараҷа гарм мешавад.