Тибқи иттилои хидмати Ӯзгидромет дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Субҳ баъзе ҷойҳоро туман фаро мегирад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 5-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли падид омадани туман ҳаст. Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 3 дараҷа сард — 2 дараҷа гарм мешавад.