Тибқи маълумоти хидмати "Узгидромет" шомгоҳон дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад, эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-15 метр шиддат гирад. Ҳарорат 28-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои наздикуҳӣ ва кӯҳистон дар баъзе ҷойҳо борон борида, эҳтимол шомгоҳон дар баъзе ноҳияҳо борон шадидтар шавад. Эҳтимоли раъду барқ вуҷуд дорад. Имконияти сел ва обхезӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо метавонад то 15-20 метр шиддат гирад. Ҳарорат 17-22 дараҷа гарм мешавад.