Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ бориш намешавад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст.

Дар минтақаҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад. Шамол 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.