Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр вазида, шабона то 10-12 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 33-35 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат мавҷуд буда, дар баъзе ҷойҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳодисаҳои омадани сел имконпазир аст. Шамол аз самти шарқ дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 20-25 дараҷа гарм мешавад.