Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт, бориш дар назар нест. Шамол дар як сония 3-8 метр вазида, нимаи дуюми рӯз то 10-12 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 37-39 дараҷа гарм мешавад

Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе минтақаҳои кӯҳии вилояти Тошканд ва вилоятҳои водии Фарғона борони кӯтоҳмуддат борида,  раъду барқ ​​ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе  ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 25-30 дараҷа гарм мешавад.