Бино ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт нимаи аввали рӯз борон меборад, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 19-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ҷойҳои доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад, дар баландкӯҳҳо боришот (борон, барф) шиддат мегирад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ омадани сел ва обхезӣ имконпазир аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма ҳаст. Шамол бо суръати 7-12 метр, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат 8-13 дараҷа гарм мешавад.