Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт субҳгоҳон борон ва раъду барқ эҳтимол дорад. Рӯзона боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 26-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борон борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Ҳодисаҳои селу обхезӣ эҳтимол доранд. Дар ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд ва Намангон хатари тармафароӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо метавонад то 13-18 метр шиддат гирад. Ҳарорат 15-20 дараҷа гарм мешавад.