Хидмати Узгидромет хабар медиҳад, ки нимаи дуюми рӯз дар пойтахт борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония бо суръати 3-8 метр вазида, то 12-14 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 31-33 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд ва дар баъзе ноҳияҳо жола меборад. Ҳодисаҳои селравӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 20-25 дараҷа гарм мешавад.