Пешгӯии обу ҳаво барои 7 март

    Сайёраи сабз 7 Mart 2025 1280

    Имрӯз рӯзона дар баъзе ҷойҳо борон борида, дар минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Ҷиззах ва Сирдарё эҳтимол борон ба барф табдил ёбад. Дар қисмати шимоли ҷумҳурӣ дар нимаи аввали рӯз дар баъзе мавзеъҳо боришот (борон, барф) интизор меравад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр шиддат гирифта, дар минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Навоӣ ва Ҷиззах эҳтимол то 25-30 метр пурзӯр гардад. Ҳарорат 7-12 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи маълумоти хадамоти Узгидромет дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад, бегоҳ эҳтимоли гузариш ба барф вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 5-10 метр вазида, эҳтимол то 12-15 метр шиддат ёбад. Ҳарорат 7-9 дараҷа гарм мешавад.

    Дар минтақаҳои кӯҳӣ дар баъзе мавзеъҳо боришот (борон, барф) мешавад, дар минтақаҳои алоҳида боришоти шадид ва эҳтимоли туман ва хатари тармафароӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр ва дар мавзеъҳои алоҳида мумкин аст то 22-27 метр шиддат гирад. Ҳарорат аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.