Пешгӯии обу ҳаво барои 7 ноябр

    Сайёраи сабз 7 Noyabr 2024 946

    Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе ҷойҳои вилоятҳои водии Фарғона борон меборад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар баъзе ҷойҳо боришот (борон, барф) пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳодисаҳои омадани сел ва обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 5-10 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, дар пойтахт бориш намешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 7-9 дараҷа гарм мешавад.

    Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) пешбинӣ шудааст. Эҳтимоли фаро гирифтани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 3 дараҷа сард 2 дараҷа гарм мешавад.