Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм шомгоҳон борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад, дар шимол ва биёбон дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр афзоиш ёфта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд ба амал меояд. Ҳарорат 35-40 дараҷа, дар минтақаи ҷанубӣ ва биёбон то 41-42 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт боришот пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 38-40 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳсор ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 27-32 дараҷа гарм мешавад.