Пешгӯии обу ҳаво барои 8 ноябр

    Сайёраи сабз 8 Noyabr 2024 1047

    Имрӯз рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе ҷойҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон каме борон борида, дар ноҳияҳои ҷудогона эҳтимол борон ба барф табдил ёбад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 8-13 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт бориш пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 10-12 дараҷа гарм мешавад.

    Дар ноҳияҳои кӯҳсор бориш намешавад. Ба баъзе ҷойҳо эҳтимол туман фарояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 0-5 дараҷа гарм мешавад.