Имрӯз дар баъзе ҷойҳои саросари Ӯзбекистон борон меборад, дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро ва Навоӣ каме бориш мешавад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон борон намеборад. Дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли фаромадани туман ҳаст. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ хавфи омадани сел ҳаст. Шамол дар як сония бо суръати 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи маълумоти хидмати Узгидромет, дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 5-10 метр мевазад. Ҳарорат 4-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳе борон, дар баландкӯҳҳо борон, барф меборад, баъзан шиддат мегирад. Эҳтимоли падид оамдани туман ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр мевазад. Ҳарорат 3 дараҷа сард - 2 дараҷа гарм мешавад.