Бинобар маълумоти хидмати Узгидромет дар пойтахт бориш намешавад. Субҳ эҳтимоли падид омадани туман вуҷуд дорад. Шамол дар як сония  5-10 метр мевазад. Ҳарорат аз 1 дараҷа сард  то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳистон дар баъзе ҷойҳо барф меборад. Дар баъзе ҷойҳо туман падид меояд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр  шиддат мегирад. Ҳарорат аз 3 дараҷа то 8 дараҷа сард мешавад.