Имрӯз рӯзона дар ҷумҳурӣ бориш намешавад. Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳии вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона ҳодисаҳои омадани сел ва обхезӣ имконпазир аст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр афзоиш ёфта, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони ғуборолуд падид меояд. Ҳарорат 34-39, дар ҷануб дар баъзе ҷойҳо то 42 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт бориш намешавад. Шамол дар як сония 3-8 метр мевазад. Ҳарорат 35-37 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо ҳаст. Шамол дар як сония 7-12 метр вазаида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр мевазад. Ҳарорат 23-28 дараҷа гарм мешавад.