Пешгӯии обу ҳаво барои 1 август

    Сайёраи сабз 1 Avgust 2025 796

    Имрӯз рӯзона дар саросари Ӯзбекистон боришот дар назар набуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои водии Фарғона борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ эҳтимол дорад. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13–16 метр шиддат гирифта, тӯфони ғуборолуд хоҳад падид омад. Ҳарорати ҳаво 32–37 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи маълумоти Ӯзгидромет дар пойтахт ҳаво бе бориш хоҳад буд. Шамол дар як сония 5–10 метр вазида, бегоҳ эҳтимоли дар як сония то 12–15 метр шиддат гирифтани он бо тӯфони ғуборолуд вуҷуд дорад. Ҳарорат 35–37 дараҷа гарм мешавад.

    Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳистонии вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона эҳтимоли селравӣ ва обхезӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 шиддат мегирад. Ҳарорати ҳаво 23–28 дараҷа гарм мешавад.