Пешгӯии обу ҳаво барои 1 октябр

    Сайёраи сабз 1 Oktabr 2025 3264

    Имрӯз рӯзона бориш дар назар набуда, танҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Хоразм ва Тошканд дар баъзе ҷойҳо борон, дар баъзе минтақаҳои шимоли вилояти Навоӣ саҳаргоҳон борони сабук меборад.

    Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 метр шиддат гирифта, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори падид меояд. Ҳарорат 18–23 дараҷа, дар шимол 13–18 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи маълумоти Узгидромет, дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 3–8 метр вазида, эҳтимол то 10–12 метр шиддат мегирад, баъзе ҷойҳоро чангу ғубор фаро мегирад. Ҳарорат 18–20 дараҷа гарм мешавад.

    Дар минтақаҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимол то 13–18 метр шиддат гирад. Ҳарорат 10–15 дараҷа гарм мешавад.