Пешгӯии обу ҳаво барои 10 июл

    Сайёраи сабз 10 Iyul 2025 466

    Имрӯз рӯзона дар тамоми қаламрави Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар вилояти Тошканд ва вилоятҳои водии Фарғона дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли падид омадани раъду барқ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр шиддат гирифта, тӯфони чанголуд ба амал меояд. Ҳарорат 31-36 дараҷа гарм мешавад.

    Бино ба маълумоти Ӯзгидромет дар пойтахт бориш пешбинӣ нашудааст. Шамол дар як сония 3-8 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли тақвият то 10-12 метр бо тӯфони заминӣ мавҷуд аст. Ҳарорат 32-34 дараҷа гарм мешавад.

    Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ эҳтимол дорад. Ҳодисаҳои селравӣ низ мумкин аст рӯй диҳанд. Шамол дар як сония 7-12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимол то 13-18 метр шиддат гирад. Ҳарорат 21-26 дараҷа гарм мешавад.