Тибқи маълумоти Ӯзгидромет, дар пойтахт гоҳ-гоҳ борон меборад. Шамол дар як сония 5–10 метр вазида, эҳтимол  то 12–15 метр шиддат гирад. Ҳарорат 13–15 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ гоҳ-гоҳ боришот (борон ва барф) дар назар буда, дар баъзе ҷойҳо шадид мешаванд. Пайдо шудани туман эҳтимол дорад. Дар баъзе ҷойҳои роҳҳо  яхбандӣ мушоҳида мешавад. Хатари тармафароӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе мавзеъҳо то 13–18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 3–8 дараҷа гарм мешавад.