Бино ба иттилои хидмати Узгидромет дар пойтахт эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 3–8 метр вазида, эҳтимол то 12–14 метр шиддат гирифта, дар баъзе ҷойҳо тӯфони чанголуд падид меояд. Ҳарорат шабона 29–31 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ вуҷуд дорад. Ба вуҷуд омадани хавфи обхезӣ ва сел эҳтимол дорад. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо эҳтимол то 13–18 метр шиддат гирад. Ҳарорат 18–23 дараҷа гарм мешавад.