Пешгӯии обу ҳаво барои 28-уми июл

    Сайёраи сабз 28 Iyul 2025 689

    Имрӯз дар давоми рӯз дар саросари Ӯзбекистон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 метр шиддат гирифта, тӯфони чанголуд падид меояд. Ҳарорат 32–37 дараҷа гарм мешавад.

    Тибқи маълумоти Ӯзгидромет дар пойтахт ҳаво бебориш мешавад. Шамол дар як сония 3–8 метр вазида, эҳтимоли то бо тӯфони чанголуд 12–14 метр шиддат гирифтани он вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво 35–37 дараҷа гарм мешавад.

    Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе мавридҳо то 13–18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 25–30 дараҷа гарм мешавад.