Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 метр шиддат гирифта, эҳтимоли падид омадани хокбод мавҷуд аст. Ҳарорат 32–37 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои «Ӯзгидромет» дар пойтахт боришот пешбинӣ намешавад. Шамол дар як сония 5–10 метр мевазад. Ҳарорат 34–36 дараҷа гарм мешавад.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ дар баъзе ҷойҳо эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ вуҷуд дорад. Дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилояти Тошканд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона эҳтимоли ҳодисаҳои селу обхезӣ мавҷуд аст. Шамол дар як сония 7–12 метр вазида, дар баъзе ҷойҳо то 13–18 метр шиддат мегирад. Ҳарорат 24–29 дараҷа гарм мешавад.









