Дар ин самт кишвари мо иқтидори бузург дорад. Сарвари давлат вазифа гузоштааст, ки бо ин суръат идома дода, таҳти брендҳои миллӣ маҳсулоти нав истеҳсол карда шавад ва Ӯзбекистон ба “хаби техникаи барқӣ”-и минтақавӣ табдил ёбад. Завод дар Зомин як қисми ин хоҳад шуд.
Ин маҷмаа, ки ҳамчун филиали парки махсуси саноатии “Навоӣ” таъсис меёбад, дар 80 гектар майдон ҷойгир аст. Арзиши умумии лоиҳа 150 миллион доллар. Дар ин ҷо солона 1 миллион адад техникаи маишӣ, чун мошинаҳои ҷомашӯӣ, яхдон, телевизор, гармкунакҳои барқии об ва қисмҳои эҳтиётии онҳо истеҳсол карда мешаванд.
Дар натиҷаи истеҳсоли 100 навъи маҳсулот, сатҳи маҳаллисозӣ ба 70 фоиз мерасад.
Муҳимтар аз ҳама, ҳаҷми солонаи истеҳсолот ба 320 миллион доллар мерасад. Аз ин маҳсулот ба маблағи 140 миллион доллар ба содирот нигаронида хоҳад шуд. Беш аз 7 ҳазор нафар аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд.
Маҳсулоте, ки дар парки саноатӣ истеҳсол мешаванд, ба зиёда аз 15 мамлакати хориҷӣ, чун Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон содир мешавад.
Бо мақсади ҳар чӣ зудтар мутобиқ гардидан ба талаботи бозори муосири тағйирёбанда, дар дохили завод сехи қолибсозӣ низ ташкил мегардад. Тавассути маркази муосири логистикӣ маҳсулот ба харидорон мунтазам расонида хоҳад шуд.
Илова бар ин, дар парки саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ барои корхонаҳои ҳайати ҶС “Автосаноат” низ ба нақша гирифта шудааст.









