Пас аз анҷоми суҳбат Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social изҳор дошт, ки аз лаҳн ва муҳтавои гуфтугӯ қаноатманд аст ва умедворӣ баён намуд, ки дар оянда бо раҳбари Колумбия мулоқот хоҳад кард, менависад korrespondent.net.
Ба гуфтаи Трамп, Петро барои равшан кардани вазъияти вобаста ба маводи мухаддир ва «дигар ихтилофҳо» миёни ду кишвар занг задааст.
"Ман аз занги ӯ ва оҳанги сӯҳбат а ӯ сипосгузорам ва интизори мулоқот бо ӯ дар ояндаи наздик ҳастам", - навиштааст раҳбари Кохи сафед.