Ҳамчунин, роҳбари Русия гуфт, ки президенти ИМА Доналд Трамп аз ӯ хостааст чунин мулоқотро ташкил кунад ва ба ӯ посух дода шуд, ки ин имконпазир аст.
«Дар ниҳоят, агар Зеленский омода бошад, бигузор ба Маскав биёяд», — гуфт Путин зимни нишасти матбуотӣ пас аз сафараш ба Чин.
Президенти Русия инчунин изҳор дошт, ки Маскав ҳеҷ гоҳ бар ивази гузаштҳои ҳудудӣ масъалаи додани кафолатҳои амниятӣ ба Украинаро баррасӣ накардааст. Ба гуфтаи ӯ, Русия на он қадар барои ҳудудот, балки бештар барои ҳуқуқи мардум ба сухан гуфтан бо забони худ мубориза мебарад, менависад 1tv.ru.









