Дар маводи нашршуда гуфта мешавад: «(Ҳадди ақал) панҷ нафар дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил ба пойтахти Қатар рӯзи сешанбе кушта шуданд, аз ҷумла писари роҳбари ҲАМАС дар минтақаи Ғазза Халил ал-Ҳайя ва роҳбари дафтари ӯ».
Дар ҳамин ҳол, манбаи баландпоя дар фармондеҳии ҲАМАС ба РИА Новости гуфтааст, ки дар байни ҳайати роҳбарияти ҲАМАС, ки дар музокирот дар Қатар ҳузур дошт, қурбониён вуҷуд надоранд. Ӯ илова кард, ки баъди ҳамла захмиён низ ҳастанд ва вазъи онҳо муайян карда мешавад.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Қатар хабар додааст, имрӯз ЦАХАЛ ба хонаҳои истиқоматӣ дар Доҳа, ки чанд узви Бюрои сиёсӣ ҲАМАС дар он ҷо зиндагӣ мекарданд, зарба зад. Артиши Исроил эълон кардааст, ки ҳамла ба мансабдорони баландпояи ҳаракат равона шуда буд, вале ҷойи амалиётро мушаххас накардааст. Радиои низомии Исроил «Галей ЦАХАЛ» хабар дод, ки Тел-Авив тақрибан аз 15 ҳавопаймо истифода бурда, беш аз даҳ лавозими ҷангиро ба як ҳадаф дар Доҳа партофтааст.
ИМА амалиёти ЦАХАЛ алайҳи раҳбарони ҲАМАС дар Қатарро тасдиқ кардааст, менависад нашрияи Jerusalem Post бо истинод ба мансабдорони исроилӣ.
ҲАМАС изҳор дошт, ки Тел-Авив ба ҳайати онҳо ҳангоми музокирот ҳамла кардааст. Яке аз роҳбарони ҳаракат ба шабакаи Al Jazeera гуфтааст, ки ҳамла ҳангоми баррасии пешниҳоди президенти ИМА Доналд Трамп оид ба оташбас дар минтақаи Ғазза рух додааст.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар амалкарди Тел-Авивро танқид намуд. Дар изҳороти вазорат зикр шудааст, ки ҳангоми ҳамла ба хонаҳои истиқоматӣ Исроил ҷони шаҳрвандони аморат ва сокинони хориҷиро зери хатар гузошт.
Вазорат илова кард, ки Қатар бо чунин иқдомҳои Тел-Авив, ки амнияти кишвар ва минтақаро халалдор намуда, зидди соҳибихтиёрии аморат равона шудаанд, созиш нахоҳад кард, хабар медиҳад ria.ru.









