Дар Қашқадарё истеҳсоли телевизор ба роҳ монда шуд

    Ҳукумат 24 Fevral 2023 5956

    Президент Шавкат Мирзиёев ба минтақаи хурди саноатии «Буюк Турон» дар шаҳри Қаршӣ ташриф овард.

    Дар ин ҷо то имрӯз 2 лоиҳа татбиқ гардида, зиёда аз 500 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Дар назар аст, ки то охири сол боз 2 лоиҳаи дигар анҷом дода, шумораи умумии ҷойҳои корӣ ба 1,5 ҳазор расонда мешавад.

    Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Алп Техно Сервис” қодир аст дар як сол 120 ҳазор адад телевизор ва монитор истеҳсол кунад. Ширкат аз ҷониби брендҳои JVC, TCL, Zimmer ва дигар аз санҷиш гузаштааст ва маҳсулоти худро зери ин брендҳо интиқол медиҳад. Соли гузашта ба маблағи 3 миллион доллар маҳсулот ба хориҷ содир шуда буд, дар соли ҷорӣ ин нишондод ба 6 миллион доллар расонида мешавад.

    Дар ин ҷо 70 нафар кор мекунанд. Ба наздикӣ ҷамъоварии плата ва қисмҳои пластикӣ ба роҳ монда мешавад, ки имкони созмон додани боз 30 ҷойи нави кориро фароҳам меорад.

    Президент бо намунаҳои маҳсулоти электротехникӣ шинос шуд, ҷараёни монтажро аз назар гузаронд. Бо коргарони корхона суҳбат барпо гардид.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates