Боздиди корӣ ба Қатар ба анҷом расид

    Чорабиниҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Давлати Қатар ба анҷом расид.

    Дар доираи барномаи ташриф Сарвари давлати мо дар дуюм Саммити ҷаҳонии рушди иҷтимоӣ иштирок намуда, як қатор ташаббусҳои муҳимро пешниҳод кард, ки ба таҳкими ҳамкории глобалӣ дар самти амалӣ намудани пешрафти иҷтимоии устувор ва инклюзивӣ ва беҳтар намудани рушди иҷтимоию иқтисодӣ равона шудаанд.

    Ҳамчунин, дар шаҳри Доха Роҳбари давлати мо бо Амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Тани гуфтушунидҳои самарабахш анҷом дод.

    Дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи шайх Ҳамад Президенти Ӯзбекистонро муовини Сарвазир, вазири давлатии умури дифоъ Шайх Сауд бин Абдурахман Ол Тани ва дигар мақомдорони расмӣ гусел гирифтанд.

    Сарвари давлати мо ба даъвати Президенти ИМА Доналд Трамп бо сафари корӣ ба шаҳри Вашингтон парвоз кард, ки дар он ҷо дар саммити роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар формати «C5+1» иштирок хоҳад намуд.

    Мувофиқи барномаи ташриф Сарвари давлати мо бо Президенти ИМА Доналд Трамп, намояндагони Сенат ва Палатаи намояндагони Конгресс, инчунин роҳбарони вазорату идораҳои ИМА вохӯриҳо баргузор хоҳад кард.

    Дар ин вохӯриҳо масоили васеъ намудани ҳамкории стратегӣ байни Ӯзбекистон ва ИМА, махсусан дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, ҳамчунин амиқсозии ҳамкории минтақавии Осиёи Марказӣ бо ИМА баррасӣ хоҳанд шуд.

    Дар доираи барномаи тиҷоратӣ вохӯриҳо ва чорабиниҳо бо иштироки роҳбарони ширкатҳои пешрафтаи амрикоӣ ва муассисаҳои молиявӣ низ пешбинӣ шудаанд.

    Аз рӯи ҷамъбасти чорабиниҳо қабули як қатор санадҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба нақша гирифта шудааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates