Ҳолати татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ гардид

    Ҳукумат 23 May 2023 5514

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти ҳолати татбиқи манбаъҳои барқароргардандаи энергия дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва идораҳои давлатӣ шинос гардид.

    Бо қарори роҳбари давлат аз 16 феврали соли ҷорӣ барномаи вусъат додани истифодаи манбаъҳои барқароргардандаи энергия қабул гаштааст. Он соли ҷорӣ насб намудани панелҳои офтобии иқтидораш 220 мегаваттро дар объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва муассисаҳои давлатӣ пешбинӣ менамояд.

    Дар ҷамъомад шахсони соҳибмансаб дар бораи ҷараёни кор дар ин самт ҳисобот доданд.

    Таъкид шуд, ки имрӯз панелҳои офтобӣ ба иқтидори умумии 107 мегаватт устувор гардидааст. Ширкатҳои калони давлатӣ ин чорабиниҳоро бо суръати баланд ба амал меоранд, аммо дар муассисаҳои иҷтимоӣ кор бо суръати паст ҷараён дорад.

    Барои мисол дар биноҳои муассисаҳои таълимоти олӣ аз миқдори умумии банақшагирифташудаи панелҳо ҳамагӣ 36 фоиз, дар биноҳои мактабҳо 33 фоиз, муассисаҳои тиббӣ 28 фоиз гузошта шудааст. Умуман дар саросари ҷумҳурӣ нишондод қариб ба 50 фоиз расид. Аммо дар Тошканд истифодаи манбаъҳои барқароргардандаи энергия 26 фоизи ба нақша пешбинишударо ташкил менамояд.

    Роҳбари давлат таъкид кард, ки имконоти бисёри корбурднашуда вуҷуд дорад ва супориш дод, ки кор тезонда шавад.

    Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки неругоҳҳои барқии офтобӣ ва шамолӣ ба иқтидори 2 ҳазор мегаватт ба баҳрабардорӣ супурда шавад. Ғайр аз ин, ба қарибӣ дар доираи ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи сохтмони 11 неругоҳи барқии офтобӣ ва шамолӣ ба иқтидори умумии 4,8 гигаватт ба миқдори 4,4 миллиард доллар тавофуқ ҳосил гардид.

    Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои ташкили иҷрои ин шартномаҳо баррасӣ гардиданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates