Ифтитоҳи паровозҳои ҳавоӣ натиҷаи созишномаҳои байни роҳбарияти Ӯзбекистон ва Эрон, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ ба даст омадаанд, мебошад.
Аз ҷумла, дар рафти сафар барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки ба содда гардондани тартиботи раводид ва зиёд гардондани сайёҳон байни Эрон ва Ӯзбекистон нигаронда шудааст, қабул шуда буд.
Аз 22 декабри соли равон дар хатсайрҳои «Теҳрон – Тошканд – Алма-Ато – Теҳрон» ва «Теҳрон – Самарқанд – Теҳрон» парвозҳои мустақими мунтазам оғоз меёбанд. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои бароҳати Airbus 320, аввал бо басомади як маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд. Дар сурати акси садои мусбати мусофирон шумораи парвозҳо зиёд мешавад.
Барои маълумот: Qeshm Air ширкати ҳавопаймоии эронӣ бо қароргоҳаш дар Теҳрон буда, соли 1993 таъсис ёфта, парвозҳои мунтазами мусофирбарҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин парвозҳои чартериро анҷом медиҳад.