Мутобиқи барномаи будубош баргузории музокироти сатҳи олӣ дар назар дошта шудааст, ки дар ҷараёни он масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд.
Ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи тиҷорат ва минтақаҳо, пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, истифодаи имкониятҳо дар соҳаи нақлиёту транзит ва фаъол гардонидани табодули фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба ҷанбаҳои кунунии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаро баррасӣ мекунанд.
Дар назар аст, ки як қатор лоиҳаҳои муштарак роҳандозӣ шаванд ва бастаи ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба имзо расанд.
Қобили зикр аст, ки дар ин рӯзҳо дар Ӯзбекистон форуми соҳибкорон, анҷумани ректорҳо, Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон ва дигар чорабиниҳои муштарак баргузор мешаванд.