Президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон омад

    Ҳукумат 18 Iyul 2024 2888

    Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ҳамроҳи ҳамсараш 18 июл бо сафари давлатӣ ба кишвари мо ташриф овард.

    Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд онҳоро сарвари давлатамон ва ҳамсараш пешвоз гирифтанд.

    Ба шарафи меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ду кишвар бардошта шуда, каровули фахрӣ саф орост.

    Тибқи барнома, музокироти сатҳи олӣ сурат гирифта, дар ҷараёни он масъалаҳои амиқтар кардани муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ мешаванд.

    Дар натиҷаи ин ҳамоиш роҳандозии як қатор лоиҳаҳои бузурги муштараки ҳамкорӣ ва имзои бастаи муҳими ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст.