Вазифаҳои хоҷагии қишлоқ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 23 Mart 2023 4270

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 23 март оид ба чораҳои вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, самарабахш ташкил кардани мавсими кишти баҳорӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

    Таъмини маводи ғизоӣ яке аз омилҳои муҳими некуаҳволии аҳолӣ ва ҷилавгирӣ аз инфлятсия мебошад. Солҳои охир барои кишти зироатҳои ғизоӣ 200 ҳазор гектар ҷудо шуда, боз 500 ҳазор гектар замин ба муомилот бароварда шуд, ки ин барои нигоҳ доштани суботи нарх дар бозори дохилӣ мусоидат мекунад.

    Барои таъмини фаровонии дастархони мардум, тибқи фармони Сарвари давлат то 1 январи соли 2024 35 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ аз боҷи воридотӣ озод карда шуд. Илова бар ин, ба шахсони ба феҳристи иҷтимоӣ воридшуда ҳангоми харидани гӯшти чорвои калони шохдор, гӯсфанд ва парранда, тухм ва равғани растанӣ андози арзиши иловагӣ баргардонида мешаванд. Ин ба бештар аз 2 миллион оила ёрӣ мерасонад.

    Дар ду соли охир инфлятсияи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон дар як сол на камтар аз 15-20 дарсад муқаррар шудааст. Нархи равгани растанӣ, шир ва гӯшт дар давоми 30 соли охир ба дараҷаи баландтарин боло рафт. Баландшавии нархи нақлиёт, нуриҳои минералӣ ва сўзишворӣ ба арзиши маводи озуқа низ таъсир мерасонад.

    Тибқи таҳлилҳо, ин вазъ ҳам дар соли 2023 ва ҳам дар солҳои оянда идома хоҳад ёфт. Бинобар ин барои зиёд кардани истеҳсоли озуқа ва бо кор таъмин намудани одамон имкониятҳои иловагӣ пайдо кардан лозим аст, қайд гардид дар ҷамъомад.

    Вобаста ба ин, имкониятҳои дар минтақаҳо мавҷудбуда таҳлил гардида, барои татбиқи онҳо тадбирҳо муайян карда шуданд.

    — Барои харидани маҳсулоти озуқаворӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Минбаъд ҷудо кардани замини иловагӣ имконнопазир аст. Ҳоло бояд аз илму технологияи самарабахш истифода бурда, маҳсулнокии меҳнатро баланд бардошта, ҳосилнокиро вусъат дод, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Соли гузашта ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, маблағгузории бевоситаи хариди тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти тайёр ба истеҳсоли озуқаворӣ таъсири мусбат расонд. Имсол ба ин мақсадҳо 6 триллиону 200 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

    Аз ҷумла, аз Фонди кишоварзӣ барои пурра кардани маблағҳои гардони субъектҳои меваву сабзавотпарварӣ 700 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.

    Вазорати кишоварзӣ мустақиман ба соҳибкорон 130 миллион доллар ҷудо мекунад. Барои ин соҳибкорон лоиҳаҳои худро барои баррасӣ тавассути платформаи шаффофи вазорат тақдим хоҳанд кард. 80 фоизи маблағи қарзро дар давоми 10 сол қисм-қисм пӯшондан мумкин аст. Қарз аз сабаби мавҷуд набудани «пардохти бонкӣ» дастрастар мешавад.

    Ҳамчунин зикр гардид, ки 200 миллион доллари аз JICA ҷалбшуда барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти ғизоӣ ихтисос дода мешавад.

    Зарурати истифодаи самараноки ин маблағ ва бунёди боғҳои нав таъкид шуд.

    Имкониятҳои индустриякунонии хоҷагии қишлоқ ва бо кор таъмин намудани аҳолӣ низ нишон дода шудаанд. Масалан, пиллаи тут маҳсулоти сердаромад аст, ки рафти ҷамъоварии он ҳамагӣ як моҳ давом мекунад. Аммо дар баъзе ноҳияҳо аз имкониятҳои кирмакпарварӣ ба қадри кифоя истифода бурда намешаванд.

    Вобаста ба ин вазифа гузошта шуд, ки кластерҳои кирмакпарварӣ аз ҳисоби азхудкунии заминҳои лалмию чарогоҳҳои наздики маҳаллаҳои аҳолинишин ташкил карда шаванд. Дар асоси таҷрибаи ветнамӣ ин заминҳои 1-2 гектарӣ ба аҳолӣ барои шинондани ҳам дарахти тут ва ҳам зироатҳои хӯрокворӣ дода мешавад. Дар натиҷа, гуфта шуд, ки имкони таъмини даромади 2 миллион нафар ва афзоиши содироти ин соҳа ба 600 миллион доллар имконпазир мешавад.

    Сарвати дигари истифоданашуда замини гирду атрофи киштзорҳо ва шабакаҳои обпарто мебошад. Кайд карда шуд, ки замини холии ин навъро ба коргарони хоҷагӣ ва оилаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир ба иҷора додан мумкин аст.

    Дар маҷлис масъалаи бо техника таъмин намудани хоҷагии қишлоқ низ муҳокима карда шуд.

    Имрӯз дар кластерҳо, фермерон ва деҳқонон қариб ба 11 ҳазор техника ва агрегатҳо талаб ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, аз 1 апрел барои харидории тамоми навъҳои техникаи кишоварзии истеҳсоли ватанӣ 15 дарсад кумакпулӣ дода мешавад. Таҷҳизоти воридотӣ ба муҳлати се сол аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва боҷи утилизатсионӣ озод карда шуда, ба таъхир андохтани пардохти андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода мешавад. Барои харидани таҷҳизот қарз бо 10 фоизи солона ба муҳлати 10 сол дода мешавад.

    Ба Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдо вазифа гузошта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳоеро, ки дар кишвар истеҳсол намудани 25 намуди маҳсулоти хӯроквориро бо саҳми бештари воридот пешбинӣ мекунанд, васеъ гардонад. Дар бораи фароҳам овардани шароити мусоид барои деҳқонону соҳибкорон бо истифода аз василаҳои гуногуни иқтисодӣ дастурҳо дода шуданд.

    Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда ҳисоботи роҳбарони соҳаҳо ва вилоятҳо, соҳибкорон шунида шуд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates