Аэропорти Қӯқанд бори аввал дар таърихи худ самолёти калон қабул кард

    Президент Шавкат Мирзиёев барои шинос шудан бо зиндагии мардум ва рушди минтақаҳо 11 июл ба вилояти Фарғона омад.

    Дар мамлакати мо оид ба тараққӣ додани инфрасохтори нақлиёт корҳои васеъмиқёс гузаронда мешавад. Танҳо дар соҳаи авиатсия фурудгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз, Мўйноқ ва Зомин мавриди таҷдид қарор гирифта ва ба баҳрабардорӣ супурда шуданд. Фурудгоҳҳои байналмилалии Тошканд ва Урганҷ таъмир шуда, “Тошканд-Шарқӣ” бозсозӣ мешавад.

    Моҳи марти соли равон фурудгоҳи Қӯқанд дубора ба кор даромад. Имрӯз дар ин ҷо ҳавопаймои Президенти Ӯзбекистон фуруд омад.

    Фурудгоҳ, ки соли 1977 сохта шудааст, барои парвозҳои кӯтоҳ пешбинӣ шудааст. Минбаъд фурудгоҳ танҳо аз ҷониби нерӯҳои ҳавоӣ истифода мешуд. Дар натиҷаи азнавсозӣ дар ин ҷо парвози авиатсияи шаҳрвандӣ аз нав ба роҳ монда мешавад.

    Сарвари давлат бо корҳои бунёдкоронаи дар ин ҷо анҷом додашуда шинос шуд.

    Дар фурудгоҳ терминали нав барои 100 мусофир сохта, хатти парвоз аз нав таъмир карда шуд. Таҷҳизоти ҳозиразамони аэронавигатсионӣ насб карда шудааст. Дар натиҷа фурудгоҳ тавонист ҳавопаймоҳои А320-200 ва ATR 72-600-ро қабул кунад.

    Президент қайд кард, ки акнун ин фурудгоҳ бояд ба мардум сазовор хизмат кунад. Барои зиёд кардани шумораи парвозҳо, баланд бардоштани қулайии истифода ва дастрасии нарх ва хизматрасониҳо дастурҳо дода шуданд.

    Зимнан зикр гардид, ки истифода аз имкониятҳои сайёҳии дохилӣ самараи хуб мебахшад, имкони роҳандозии парвозҳои байналмилалӣ низ вуҷуд дорад.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates