Сармоягузорӣ ба Қароқалпоқистон зиёд мешавад

    Дар тӯли ҳафт соли охир дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 6 784 лоиҳа ба маблағи 17 триллиону 800 миллиард сӯм татбиқ гардид. Дар натиҷа 56 ҳазор ҷои кор ба вуҷуд омад. Дар ин муддат ба маблағи 2 миллиарду 815 миллион доллар мол содир шудааст.

    Дар соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 470 лоиҳа бо арзиши умумии 874 миллион доллар амалӣ мегардад.

    Ин раванд пайваста идома дорад – дар Қароқалпоқистон аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ 124 лоиҳа ба маблағи умумии 9,5 миллиард доллар ташаккул дода шуд. Аз онҳо 10 лоиҳа ба маблағи тақрибан 1 миллиарду 800 миллион доллар имрӯз ба роҳбари давлатамон муаррифӣ карда шуд.

    Ширкатҳо аз кишварҳое чун Чин, Арабистони Саудӣ, Олмон, Русия ва Испания ба лоиҳаҳо сармоягузорӣ мекунанд. Онҳо энергетика, гармидиҳӣ, саноати маъдани кӯҳӣ ва химия, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳои саноатро дарбар мегиранд.

    Масалан, дар ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ дар назар аст, ки системаи марказонидашудаи гармидиҳии шаҳри Нуқус такмил дода шавад, дар минтақаи Қароузак бо иштироки сармояи Испания неругоҳҳои офтобӣ ва шамол бунёд карда шаванд ва сармоягузорони олмонӣ лоиҳаҳои коркарди мис ва истеҳсоли кабелро ноҳияи Нуқус амалӣ хоҳанд кард.

    Дар натиҷаи татбиқи ин 124 лоиҳа беш аз 20 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

    Сарвари давлат муҳимияти дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳоро таъкид кард.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates