Лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 8 Avgust 2022 5499

    Президент Шавкат Мирзиёев 8 август оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъомад баргузор намуд.

    Шарикӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ босуръат рушд мекунад. Дар панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти моли Ӯзбекистон бо онҳо 2,5 баробар афзоиш ёфта, аз 6 миллиард доллар гузашт. Дар мамлакати мо бо иштироки сармояи мамлакатҳои ҳамсоя 1,7 ҳазор корхона кушода шуд.

    Дар ҷамъомад лоиҳаҳо ва пешниҳодҳои нав оид ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

    Масъалаи таҳия ва пешбурди рейтинги миллии ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо ба мақсади рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна дар кишвар баррасӣ шуд.

    Сарвари давлат оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда супоришҳои мушаххас дод.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates