Лого Лого-пв-уз

    Оид ба лоиҳаҳои сохтмон дастурҳо дода шуданд

    Ҳукумат 23 Sentabr 2022 2826

    Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти лоиҳаҳои сохтмони як қатор объектҳо шинос шуд.

    Пешниҳодҳо оид ба бунёд намудани Шаҳраки олимпӣ дар Тошканд, ки соли 2025 мизбони Бозиҳои осиёии наврасон хоҳад буд, баррасӣ шуданд. Мувофиқи талаботи байналмилалӣ дар шаҳрак варзишгоҳи олимпӣ, маҷмӯъҳои варзишии пӯшида, қасри варзишии об, майдончаҳои машқкунӣ, канали заврақронӣ сохта мешаванд.

    Дар тақдимоти гузашта дар ин мавзӯъ Президент таъкид кард, ки маҷмӯъҳои варзишӣ бояд муддати тӯлонӣ ба мардуми мо хидмат кунанд, аз ин рӯ, онҳо бо сифати баланд сохта шаванд.

    Ба ин муносибат ба лоиҳакашӣ ва сохтмон ширкатҳои хориҷӣ, ки дар ин соҳа таҷрибаи бой доранд, ҷалб карда мешаванд. Сарвари давлат бо онҳо суҳбат карда, пешниҳодҳои онҳоро шунид. Вай аҳамияти таъмини универсалии иншоотҳои варзиширо қайд намуд. Оид ба самаранокии энергетикии иншоотҳои оянда аз ҳисоби насби панелҳои офтобӣ дар боми стадионҳо ва биноҳо, дар майдонҳои сабзу хуррам шинондани миқдори зиёди дарахтон тавсияҳо дода шуданд.

    Дар рафти тақдимот инчунин, лоиҳаи Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» мавриди муҳокима қарор гирифт. Ба нақша гирифта шудааст, ки барои он аз ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт ҷой ҷудо карда, сохтмони бинои корпусҳои таълимӣ, маъмурият, хобгоҳ барои омӯзгорон ва донишҷӯён, ошхона, китобхона, лаборатория, маҷмӯи варзишӣ тарҳрезӣ шудааст.

    Ҳоло дар ин ҷо Мактаби президентӣ қарор дорад. Дар оянда дар ин ҷо Агентии муассисаҳои таълими президентӣ низ ҷойгир хоҳад шуд. Онҳо якҷоя бо донишгоҳ дар соҳаи таълим комплекси ягона ташкил мекунанд.

    – Мактабҳои махсусгардондашуда такягоҳи мост, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Дар онҳо фарзандони мо соҳибмаълумот ва ҳамаҷониба баркамол ба воя мерасанд. Донишгоҳ идомаи ин низом гардида, барои кишварамон мутахассисони серталабу замонавӣ тайёр мекунад. Аз ин рӯ, бояд тамоми шароит, услуби пешқадам фароҳам оварда шавад.

    Сарвари давлат зарурати ҷалби бештари бинокорони  маҳаллиро ба ин кор таъкид кард.

    Лоиҳаи навбатии пешниҳодшуда барои мусоидат ба рушди ҷавонон пешбинӣ шудааст. Он сохтмони марказҳоро дар маҳаллаҳо пешбинӣ менамояд, ки стадионҳо, майдончаҳои бачагона, китобхона, толорҳои компутерӣ, ошхона, ҳаммом ва дигар иншоотҳоро фаро мегиранд.

    Бо супориши Президент, бо назардошти андешаи аҳолӣ, ҷойҳое, ки чунин марказҳо бунёд хоҳанд шуд, муайян гардиданд. То имрӯз дар 171 маҳалла сохтмони майдончаҳои варзишӣ оғоз гардида, 604-тои он ба истифода дода шудааст.

    Идомаи мантиқии ин кор қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 апрели соли ҷорӣ «Дар бораи ба марҳилаи нав бардоштани ҷалби ҷавонон ба варзиши оммавӣ дар маҳаллаҳо» гардид. Мувофиқи ҳуҷҷат олимпиадаи «Панҷ ташаббус» баргузор гардид, ки дар он 279 маҳалла ғолиб омада, соҳиби ҷоиза гардиданд. Ба сифати мукофот ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба варзиш дар ин маҳаллаҳо маҷмӯъҳои универсалии варзишӣ, майдончаҳои стритбол ва воркаут бунёд карда хоҳанд шуд.

    Ба ғайр аз ин, дар 208 маҳалла, ки инфрасохтори варзишӣ надоранд, майдончаҳо барои бозии стритбол ва воркаут офарида мешаванд.

    Пас аз ташрифи самарабахши давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Куриё моҳи декабри соли гузашта кор оид ба ташкил кардани кластери тиббӣ дар Тошканд пурзӯр гардид. Ҳамин таъриқ, бо дастгирии Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкории Куриё (EDCF) бунёд намудани маркази тиббӣ барои калонсолон, клиникаи онкологӣ ва донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст.

    Ин се комплекс якҷоя бо Маркази тиббии бачагонаи мавҷуда кластери ягонаро ташкил медиҳад.  Низоми пешқадами таълим ва табобат, ки ба таҷрибаи куриёӣ асос ёфтааст, ташкил карда мешавад. Ҳамагӣ дар муассисаи тиббӣ 900 кат гузошта хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ дар соли 2023 оғоз мешаванд.

    Сарвари давлатамон ба шахсони масъул бинобар татбиқи лоиҳа супоришоти дахлдор дод.

     

     

    No date selected
    December 2022
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates